Эрону Исроил созиши оташбасро пазируфтанд

Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил гуфтааст, кишвараш пешниҳоди оташбас бо Эронро пазируфт, чун “ба ҳадафҳояш дар ҷанг ба зидди Эрон расид”.  

Дар баёнияи расмие, ки дафтари матбуоти нахуствазири Исроил рӯзи 24-уми июн нашр кард, Нетаняҳу аз раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп изҳори сипос кардааст, ки ба қавли ӯ дар рафъи хатари ҳастаии Эрон ба Исроил кӯмак кард.

Пештар аз ин Доналд Трамп дар як баёнияи кӯтоҳе гуфт, ки Исроилу Эрон ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд. Ду кишвар баъди оғози ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн ба ҳамдигар бо мушаку паҳпод ва ҳавопаймоҳо зарба мезаданд.

Исроил ва Эрон ҳарду рӯзи сешанбе тарҳи оташбаси пешниҳодии Доналд Трамп, раиси ҷумҳур Амрико барои поён додан ба ҷанги 12 рӯзаро, ки Ховари Миёнаро ноором кард, пазируфтаанд. Пештар аз ин пешниҳод Эрон ба як пойгоҳи низомии Амрико ҳамлаи интиқомҷӯёнае анҷом дод. Эрон қабл аз эълони Исроил барои қабули оташбас бо ҳамлаи мушакӣ ба он кишвар камаш чаҳор нафарро кушт. Нерӯҳои Исроил ҳам сапедадами сешанбе ба ҳадафҳои гуногуне дар саросари Эрон ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ анҷом доданд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, кишвараш дар ҳамоҳангӣ бо Доналд Трамп бо Эрон бар сари созиши оташбас тавофуқ кардааст. Нетаняҳу гуфт, ки шаби душанбе ба девони вазирони Исроил гузориш додааст, ки ин кишвар ба тамоми ҳадафҳои ҷангии худ дар амалиёти 12-рӯза ба зидди Эрон ноил шудааст, аз ҷумла аз байн бурдани таҳдиди барномаҳои атомӣ ва мушакҳои баллистикии Эрон. Ба гуфтаи Нетаняҳу, Исроил ҳамчунин раҳбарони низомии Эрон ва чандин маконҳои давлатиро ҳадаф қарор дода, назорати қаламрави ҳавоии Теҳронро ба даст гирифтааст. Нетаняҳу афзуд:”Исроил ба ҳаргуна нақзи оташбас посухи сахт хоҳад дод.”

Ҳамлаҳои сахти Исроил ба шаҳрҳои Эрон то ҳудуди соати чаҳори субҳ идома дошт ва пас аз он Эрон бороне аз мушакҳоро дар Исроил рехт ва исроилиҳоро маҷбур кард, бо тулӯи хуршед ба паноҳгоҳҳои амн аз бомбҳо бираванд. Тибқи гузориши Хадамоти имдодии Исроил дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон камаш 4 нафар кушта ва 8 каси дигар захмӣ шудаанд.

Пас аз як соат аз мӯҳлати таъйиншуда барои тавақуфи ҳамлаҳои Эрон, Доналд Трамп дар шабакаи Truth social, ки ба худаш тааллуқ дорад, навишт: “Оташбас акнун барқарор аст. Лутфан онро нашиканед. “

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки оташбас аз соати 5:30 субҳ барқарор шуд, аммо мақомоти эронӣ пас аз эълони Трамп изҳори назар накардаанд. Соате пеш аз он Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, эълон карда буд, кишвараш омодаи қатъ кардани ҳамлаҳо ба Исроил аст.

Ба гуфтаи пулиси Исроил дар ҳамлаҳои мушакии Эрон се бинои истиқоматӣ дар шаҳри Биршиба вайрон шудаанд. Маъмурони наҷоти Исроил гуфтанд, ки аз зери вайронаҳои як бино чаҳор ҷасадро берун овардаанд ва дар ҷустуҷӯи афроди бештар ҳастанд. Биноҳову мошинҳои зиёде низ дар гирду атроф осеб дидаанд. Исроил садҳо наҷотбахшро барои наҷоти афроди дармонда зери оворҳо фиристод. Ба гуфтаи пулиси Исроил, дар натиҷаи зарбаи сахти мушаки баллистикӣ ҳатто афроде захмӣ шудаанд, ки дар даруни паноҳгоҳҳои мустаҳкам паноҳ бурда буданд. Зарбаи сахт ба бузургтарин шаҳр дар ҷануби Исроил қабл аз он сурат гирифт, ки Трамп аз барқарории оташбас эълон дод.

Эълони Трамп дар бораи барқарории оташбаси “комил ва ҷомеъ” байни Эрону Исроил пас аз он нашр шуд, ки Эрон рӯзи душанбе ҳамлаи мушакии маҳдудеро ба пойгоҳи низомии Амрико дар Қатар анҷом дод. Ҳамлаи интиқомҷӯёна барои бомборони таъсисоти атомии Эрон аз тарафи Амрико. Эрон аз пеш ба Амрико дар ин бора ҳушдор дода буд ва ҳамла ҳам талафоте дар пай надошт. Дар баёнияи Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth social омадааст, ки оташбас ҳудуди нимашаб ба вақти Амрико барқарор хоҳад шуд ва “поёни расмӣ”- и ҷангро таъйин мекунад.

Доналд Трамп даргирӣ байни Исроил ва Эронро “ҷанги 12-рӯза” номид, ки ёде ёдоварӣ аз ҷанги cоли 1967 байни Исроилу арабҳо дар Ховари Миёна аст. Он ҷангро бархе “ҷанги шашрӯза” меноманд, ки дар он замон Исроил бо гуруҳе аз кишварҳои арабӣ , аз ҷумла Миср, Урдун ва Сурия ҷангид. Ишораи Трамп бори маънии зиёде барои дунёи араб, ба вижа Фаластин дорад. Дар ҷанги соли 1967 Исроил, Канораи Бохтарии Рӯди Урдун, Байтулмуқаддаси шарқиро аз Урдун, Навори Ғазза ва Саҳрои Синаиро аз Миср ва Баландиҳои Ҷулонро аз Сурия гирифт. Агарчӣ Исроил баъдан Синаро ба Миср бозгардонд, аммо ҳанӯз дигар минтақаҳои гирифтаашро дар ихтиёр дорад.

Дар ҷанг байни Исроилу Эрон то кунун дар Исроил тақрибан 30 нафар кушта шудаанд ва 1000 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ба гуфтаи Созмони Фаъолони Ҳуқуқи Башар, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, то кунун 387 ғайринизомӣ ва 268 нерӯи амниятии Эрон кушта шудаанд ва бештар аз 1200 нафар ҷароҳат бардоштаанд.