Доналд Трамп субҳи 24-уми июн дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки ин оташбас шаш соат баъд ва пас ва онки ду кишвар "маъмуриятҳои ниҳои худро анҷом диҳанд", оғоз мешавад. Трамп дар сӯҳбат бо телевизиони NBC умедворӣ кард, ки оташбас миёни Исроил ва Эрон "доимӣ", хоҳад буд.
Ҷузъиёти оташбасе, ки ба гуфтаи Доналд Трамп, Эрон ва Исроил бо он мувофиқат кардаанд, эълон нашудааст. Ба гуфтаи манбаъҳои исроилӣ, оташбас аз соати ҳафти субҳ ба вақти Исроил оғоз мешавад.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон эълом кард, ки агар Исроил ҳамлаҳои худро қатъ кунад, Теҳрон низ зарбаҳои худро ба Исроил поён хоҳад дод. Аббос Ароқчӣ дар шабакаи X (Твиттер) навишт, агар ҳамлаҳои Исроил то соати чори субҳи имрӯз мутаваққиф шавад, "мо низ қасде барои идомаи посух надорем".
Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз як мақоми огоҳ гузориш дод, ки нахуствазири Қатар бо мақомоти эронӣ телефонӣ гуфтугӯ карда, розигии онҳоро дар бораи барқарории оташбас бо Исроил ба даст овард. Ин гуфтугӯ пас аз он анҷом шуд, ки Доналд Трамп аз Амири Қатар хоста буд, барои розӣ кардани Эрон ба оташбас кӯмак кунад.
Вале бо вуҷуди гузоришҳо аз оташбаси эҳтимолӣ миёни Исроил ва Эрон, расонаҳои эронӣ аз шунидани шудани садои таркиши сахт ва фаъол шудани системаи мудофиаи ҳавоӣ дар чанд минтақаи Теҳрон гузориш доданд. Мақомоти Эрон аз кушта шудани як донишманди ҳастаӣ дар ҳамлаҳои Исроил дар субҳи сешанбе хабар доданд.
Пеш аз ин таркишҳо, артиши Исроил ба сокинони минтақаи 7-и Теҳрон ҳушдор дод, ки фавран хонаҳояшонро тарк кунанд.
Расонаҳои исроилӣ ҳам гузориш доданд, ки бар асари бархӯрди як мушаки Эрон ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Биър Ас-Сабъ дар ҷануби ин кишвар, дастикам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Бархе расонаҳо шумори кушташудаҳои ин ҳамларо аз ин бештар зикр карданд.
Ҷанг миёни Телавив ва Теҳрон субҳи ҷумъаи 13 июн бо ҳамлаи Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дар ҳамлаи ногаҳонии Исроил, пойгоҳҳои низомӣ ва ҳастаии Эрон ҳадаф қарор гирифтанд ва шуморе аз фармондеҳони баландпоя ва донишмандони ҳастаии он кушта шуданд.
Эрон ҳам дар вокуниш марказҳои муҳими низомӣ, истихборотӣ ва иқтисодии Исроилро дар Телавив, Ҳайфа ва дигар минтақаҳо, ҳадаф қарор дод.
Рӯзи якшанбеи 22 июн Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мустақиман вориди ин муноқиша шуд ва таъсисоти ҳастаии Натанз, Форду ва Исфаҳонро ҳадаф қарор дод.
Эрон ҳам дар вокуниш ба ин ҳамла, шаби гузашта пойгоҳи низомии "Ал-Удайд"-и Амрикоро дар Қатар, мушакборон кард. "Ал-Удайд" калонтарин пойгоҳи низомии Амрико дар ғарби Осиё ба шумор меравад
Дар пайи ин ҷанги дувоздаҳрӯза аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд. Ин ҷанг ба ҳар ду тараф миллионҳо доллар хисороти молӣ ба бор овард.
Гуфтугӯ