Эрон шоми душанбеи 23-юми июн ба пойгоҳи Амрико дар Қатар ҳамлаи ҳавоӣ кардааст. Ба гузориши расонаҳо, пойгоҳи “Ал-Удайд” дар Қатар ҳадафи ҳамлаҳои мушакии Эрон қарор гирифтаанд.
Аврупо ҳамоно мехоҳад, дар низоъи Исроилу Эрон нақше дошта бошад. Он ҳам пас аз як “армуғон”-и ногаҳонӣ дар шакли бомбаборони Эрон аз тарафи Иёлоти Муттаҳида.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, шояд, аз сарнагунии режими Эрон истиқбол кунад, агарчӣ чанд соат пеш аз ин аъзои ҳукумати ӯ таъкид карданд, ҳадафи ҳамлаҳои ахир ба Эрон “тағйири режим” набудааст.
Шӯрои амнияти Созмони милал таниш дар Ховари Миёна, азҷумла ҳамлаи Амрико ба ниҳодҳои ҳастаии Эрон ва идомаи даргирӣ миёни Теҳрон ва Исроиро баррасӣ кард.
Баъд аз ҳамлаи Амрико ба се ниҳоди ҳастаии Эрон, аввалин тасвирҳои моҳвораӣ аз таъсисоти ҳастаии Форду нашр шуд. Дар аксҳо дида мешавад, ки ба қаторкуҳҳое, ки Форду ҷойгир аст, берунии маҷмаа ва даромадгоҳи нақбҳои зеризаминӣ осеб расидааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико субҳи якшанбеи 22-юми июн эълон кард, ки ҳавопаймоҳои ин кишвар ба 3 таъсисоти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро “бисёр муваффақиятомез” номид.
Рӯёрӯии низомии Эрон ва Исроил вориди рӯзи нӯҳуми худ шуд ва тарафҳо аз зарба задан ба якдигар, хабар медиҳанд.
Зарбаҳои Исроил ва Эрон ба ҳамдигар пас аз таҷовузи Исроил ба хоки Эрон дар рӯзи 13-уми июн идома доранд. Акнун сухан аз “таслими бечуну чаро” меравад, ки ба тағйири низоми Ҷумҳурии Исломӣ ишорат мекунад.
Радиои Озодӣ бо Гулрухсор Сатторова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду сол боз муқими Теҳрон буд, дар бораи ҳамлаҳо ба ин шаҳр ва бозгашташ ба Душанбе сӯҳбат кард.
Кохи Сафед гуфт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар зарфи ду ҳафта тасмим мегирад, ки ба ҷанги Исроил бо Эрон мепайвандад, ё не.
Муассисаи «Занони Нобел» рӯзи панҷшанбе 19 июн бо нашри баёнияе хостори оташбаси фаврӣ миёни Исроил ва Эрон шуд. Дар ин баёния ҷангро «муқобили қонунҳои байналмилалӣ» хонда ва аз «ранҷи густурдаи инсонӣ» ва «хатари густариши як низои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» ҳушдор дода шудааст.
Ёфтҳои бештар