Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бе гол поён ёфт


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии байналмилалии дӯстонаро бо тими ҷавонони Қирғизистон (U-23) бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни футболбозони ҷавони тоҷику қирғиз шаби сешанбеи 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Дар ҷараёни дидор бозигарони ҳарду даста аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Қаблан дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) шаби 18-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода дар бозии байналмилалии дӯстона тими ҷавонони Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бошад, пеш аз бозӣ бо тими олимпии Тоҷикистон 21-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон Леван Хомерики гуфт, “бозиҳои дӯстона бо тимҳои ҷавонони Ҳиндустону Қирғизистон барои санҷиши бачаҳо муфиданд. Пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, ки моҳи сентябр доир мегардад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Ҳамакнун мо барои рафъи камбудиҳо кӯшиш хоҳем кард.”

Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-23) - Ҳиндустон (U-23) – 3:2

Голҳо: Суҳайл Аҳмад Бҳат, 30 (0:1). Ансор Ҳабибов, 59 (1:1). Партхиб Сундар Гогои, 85 (1:2). Муҳаммадиқбол Давлатов, 90+1 (2:2). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 90+5 (3:2).

18-уми июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3750 тамошобин.

Тоҷикистон (U-23) - Қирғизистон (U-23) – 0:0

24-уми июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 26 бозигар – 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шуда буданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстонаи моҳи июн:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Фирӯз Назаров (ҳарду аз «Барқчӣ», Ҳисор), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Суҳробхуҷа Юсупов («Тоҷ», вилояти Суғд);

Ҳимоятгарон: Александр Мухин («Арсенал», Русия), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Содиқҷон Қурбонов, Рустам Камолов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Меҳрубон Гаффорзода, Мусо Қаҳҳоров, Диловар Ҷамшедзода (ҳама аз «Барқчӣ», Ҳисор), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Муродалӣ Ҳақназаров («Самтредиа», Гурҷистон), Азизбек Ҳаитов («Равшан», Кӯлоб), Абубакр Сулаймонов («Вахш», Бохтар), Ҷовидон Хушвахтов, Азизбек Далиев (ҳарду аз «Барқчӣ», Ҳисор), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадиқбол Давлатов (КМВА, Душанбе);

Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров («Истиқлол», Душанбе), Шаҳбоз Ҳабибов (КМВА, Душанбе), Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Панҷшер», Ҷалолиддини Румӣ), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Парвоз», Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд).

Сармураббӣ – Леван Хомерики (Гурҷистон).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо тимҳои Непал, Филиппин ва Сурия бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 3-юм то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Тими олимпии Тоҷикистон нахустин бозиашро 3-юми сентябр бо дастаи Непал анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 6-уми сентябр бо Филиппин ва 9-уми сентябр бо Сурия бозӣ мекунанд.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7-ум то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG