Трамп гузоришҳо дар бораи "камасар будани" ҳамлаҳо ба марказҳои атомии Эронро танқид кард

Акси моҳвораӣ, ки ширкати Максар Текнолоҷис, рӯзи 22 -уми июн нашр кард, садамаҳои расида ба таъсисоти ғанисозии ураниум дар шаҳри Исфаҳонро нишон медиҳад.

Раисҷумҳур Доналд Трамп ва вазорати дифои Амрико гузоришҳои расонаҳои кишвар дар бораи асароти ҳамлаҳо ба таъсисоти атомии Эронро сахт танқид карданд.

Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи номаълум навиштанд, ки бомборони се таъсисоти муҳим барномаҳои ҳастаии Эронро фақат барои чанд моҳ ақиб андохтаанд.

Гузоришеро дар ин бора аввал телевизиони Си Эн Эн рӯзи 24-уми июн нашр кард ва сипас гузоришҳои шабеҳ дар нашрияи Ню-Йорк Таймс, Вашингтон Пост ва хабаргузории Рейтерс чоп шуданд. Ҳамаи ин расонаҳо ба Созмони Иттилооти Дифоии Амрико, як шохае аз вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида такя кардаанд, ки гӯё баъди таҳлили арзёбии Фармондеҳии Марказии Амрико аз натиҷаи ҳамлаҳо ба чунин хулоса расидааст.

Дар арзёбӣ омада аст, ки ҳамлаҳо натавонистаанд, таркибҳои аслии барномаи атомии Эронро нобуд кунанд, баръакси баёнияи Доналд Трамп, ки гуфт, дар натиҷаи бомбборон таъсисоти ғанисозии ураниум дар Эрон “комилан ва батамом” нобуд шудаанд.

Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед, дар баёнияие дар шабакаи иҷтимоии X навишт ки ин «арзёбии иддаошуда комилан нодуруст аст». Доналд Трамп ҳам ба ин масъала ворид шуд ва гуфт, ният аз нашри ин гузоришҳо «кӯчак нишон додани яке аз муваффақтарин ҳамлаҳои низомии таърих” аст.

Пештар аз ин ҳам бархе таҳлилгарон гуфта буданд, ки ба иддаои Доналд Трамп дар бораи нобудии комили ин таъсисот шубҳа доранд.

Дар гузоришҳо аз рӯзи 24-уми июн ҳамчунин аз афроде ном бурда шудааст, ки аз мӯҳтавои арзёбӣ огаҳ буданд ва гуфтаанд, ки иттилооти зикршуда саҳеҳ аст.

Яке аз манбаъҳое, ки CNN аз ӯ нақли қавл кард, гуфтааст, арзёбӣ нишон медиҳад, ки ҳамлаҳо барномаи ҳастаии Эронро «шояд фақат чанд моҳ» ақиб андохтаанд. Айни замон дар гузоришҳо омадааст, ки таҳлили вазорати дифо ҳанӯз идома дорад ва мумкин аст, ки бо дарёфти иттилооти бештар тағйир кунад.

Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико низ ин гузоришҳоро рад ва аз баёнияи Доналд Трамп ҳимоят кард. Ӯ гуфт: «Бар асоси тамоми чизҳое, ки мо дидем ва ман ҳамаашро дидам, бомбборони мо тавоноии Эрон барои сохти силоҳи атомиро аз байн бурд.» Ӯ афзуд: «Бомбҳои азими мо дақиқ ба ҳадаф хӯрданд ва босамар бурданд.»

Вазири дифои Амрико афзуд, асароти ин бомбҳо «зери кӯҳе аз овор пинҳон шудааст» ва ҳар касе, ки мегӯяд, ин бомбҳо вайронгар набуданд, фақат мехоҳад, муваффақияти раисиҷумҳур аз ин амалиётро зери суол баранд.

Аз замони бомбборони 21-уми июн аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, набуди иттилооти дақиқ аз натиҷаи ҳамлаҳо боиси гумоназаниҳо дар бораи таъсиру самари амалиёт шудааст.

Аксҳои моҳвораӣ танӯраҳои бузургеро дар гӯшаҳои Форду яке аз таъсисоти атомӣ нишон медиҳанд, аммо чун ин иншоот зери замин қарор дорад, осебдидагии онҳо возеҳ дида намешавад.

Рафаэл Гросси, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи 23-уми июн гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ эҳтимолан садамаи «бисёр чашмгир» ба Форду, яке аз таъсисоти аслии ғанисозии ураниум задаанд.

Ӯ дар баёнияе дар ҷаласаи изтирории Шӯрои мудирони 35 кишвари узви оҷонсӣ гуфт: «Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кас, аз ҷумла оҷонсӣ, дар мавқеъе нест, ки тавонад, ба таври комил осебҳои зеризаминии воридшуда ба Фордуро арзёбӣ кунад.»

Оҷонсӣ ба далели даргириҳо, натавонистааст, дар Эрон бозрасӣ анҷом диҳад. Рафаэл Гросси афзуд: “Бо таваҷҷӯҳ ба навъи маводи таркандаи истифодашуда ва ҳассосияти бисёр зиёди сентрифугаҳо ба ларзиш, интизор меравад, онҳо осеби бисёр ҷиддӣ расидааст.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз маҳалли нигаҳдории беш аз 400 кило ураниуми ғанишудаи ғализ иттило надорад.

Гросси афзуд: “Мо фарз мекунем, ки ҳадс нест… чун дар Эрон расман ба ман гуфтанд, ки қасд доранд, чораҳои муҳофизатӣ анҷом диҳанд. Аз ҷумла, мумкин аст, ки ин маводро ба ҷое бурда бошанд.”

Ӯ дар идомаи сӯҳбат гуфт: «Суоле вуҷуд дорад, ин мавод куҷост? Танҳо роҳ барои равшан кардани мавзӯъ азсаргирии фаврии бозрасист. Ин иқдом ба нафъи ҳама хоҳад буд.»

Рафаел Гросси ҳамчунин гуфт, ки роҷеъ ба изҳороти муовини раисиҷумҳур Ҷеймс Дейвид Ванс баҳс намекунад, ки гуфта буд, агар Эрон ураниуми 60 дарсадӣ дошта бошад, аммо натавонад онро ба 90 дарсад бирасонад ва онро ба силоҳи ҳастаӣ табдил диҳад, пас ин «яъне муваффақияти амалиёт» ва «нобудии барномаи ҳастаии Эрон» аст.

Рафаел Гросси ба Фокс Нюс гуфт, ки арзёбии Ванс аз диди Иёлоти Муттаҳида «дуруст» талаққӣ мешавад: «Ӯ дар бораи маъмурияти низомӣ ва меъёрҳои муваффақият суҳбат мекунад. Ман ба он эҳтиром мегузорам, вале кори ман чизе дигар аст, дидани онки маводи ҳастаӣ куҷост, чун Эрон муваззаф аст ки ҳамаи ин маводро сабт кунад ва гузориш диҳад.»

Данни Данон, намояндаи Исроил дар Созмони Милал низ гуфт, ки ҳанӯз барвақт аст, ки ҳамлаҳоро дақиқ арзёбӣ кунем, аммо афзуд: «Мо медонем, ки тавонистем барнома [атомӣ]-ро ақиб барем.» Ӯ афзуд: «Мо тавонистем, таҳдиди ногузиреро, ки ба мо буд, аз байн бибарем.»