Мақомоти интизомии Исроил гуфтанд, ки ҳафт низомӣ, аз ҷумла, як афсар ва шаш сарбоз рӯзи сешанбе дар ҷануби навори Ғазза ба ҳалокат расиданд.
Дар изҳороти артиши Исроил аз рӯзи 25 июн гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар як ҳодисаи ҷудогона, чандин сарбози дигар дар навори Ғазза захмӣ шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерз", бо такя ба расонаҳои исроилӣ навишт, ин ҳафт низомии исроилӣ дар шаҳри Хон Юнус бар асари бомбагузорӣ шудани васоили нақлиёти онҳо, ки дар оғоз таркид ва сипас оташ гирифт, ба ҳалокат расиданд.
Ҷанг дар Ғазза 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи созмони фаластинии "Ҳамос" ва гурӯҳҳои ҳампаймони он ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав гирифта шуд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, дар ҳамлаҳои Исроил то кунун дар Ғазза беш аз 56 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари ин кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Беш аз 2 миллион аҳолии ин минтақа беҷо шудаанд ва мардум аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Ба иттилои мақомоти интизомии Исроил, аз оғози моҳи июн то кунун дар ҷараёни ҷанг дар Ғазза 19 низомӣ кушта шудаанд.