Дар яке аз ҷумҳуриҳои умдатан мусулмоннишини Русия даҳ нафареро муҳокима мекунанд, ки мисли Толибон дар Афғонистон мардумеро, ки бар тибқи фармудаҳои шариат рафтор намекардаанд, ҷазо медоданд.
Бино ба гузориши Телевизиони «Настояшее Время» онҳо ба таъсиси созмони ифротгаро муттаҳам мешаванд. Раёсати тафтишот дар вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қабардину Балқар тафтишипарвандаи ин 10 нафарро рӯзи 24-уми июн ба поён расонда барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.
Раҳбар ва муассиси ин гурӯҳ Асхат Чеченови 41-сола будааст. Онҳо ба “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ” ҳам гумонбар дониста шудаанд. Ин афрод худро нозирони шариат медонистанд ва ба гуфтаи муфаттишон аз соли 2017 то 2023 сокинонеро, ки мутобиқ бо ақидаҳои ифротии динии онҳо зиндагӣ намекарданд, «ҷазо медодаанд.»
Аз ҷумла онҳоро калтаккӯб мекардаанд ва ё фишори равонӣ меовардаанд, ки мутобиқ ба хостаҳои онҳо ва «бар тибқи қонунҳои шариат» зиндагӣ кунанд. Дар парванди онҳо 16 нафар ҷабрдида будаанд.
Дар Русия даҳ "нозири шариат"-ро муҳокима мекунанд
Масҷиде дар шаҳри Налчик, маркази Ҷумҳурии Қабардину Балқар