Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми Литва хостааст, маркази визадиҳӣ барои тоҷиконро бубанданд


Эвелина Гудзинскайте, раиси Хадамоти Муҳоҷирати Литва
Эвелина Гудзинскайте, раиси Хадамоти Муҳоҷирати Литва

Хадамоти Муҳоҷирати Литва хостори бастани маркази визадиҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст.

Эвелина Гудзинскайте, мудири ин хадамот рӯзи 25-уми июн ба LRT радиои давлатии ин кишвар гуфтааст, ки сабаби чунин дархости онҳо рафтори шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки баъди гирифтани раводид ба кишвар меоянд ва бо вуҷуди поён ёфтани мӯҳлати раводид дар Литва мемонанд, ки ғайриқонунист.

Хадамоти муҳоҷирати Литва гуфтааст, то оғози моҳи июн шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар бар асоси қарордоди корӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ доштанд, 6250 нафарро ташкил медод. Дар давоми ду соли гузашта шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Литва панҷ баробар афзудааст.

Эвелина Гудзинскайте дар мусоҳиба бо LRT гуфтааст, ки бисёр вақт шаҳрвандони Тоҷикистон қонунро риоят накарда, “баъди ба поён расидани мӯҳлати санадашон дар ин кишвар мемонанд.»

Ӯ афзудааст: «Агар ба иттилоот дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ назар андозем, мебинем, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки саривақт аз хоки Литва хориҷ намешаванд ва бояд бо қарор ихроҷ шаванд, дар муқоиса масалан бо узбекҳо хеле баландтар аст.»

Гудзинскайте гуфтааст, тоҷикистониҳоро инчунин бисёр вақт дар сарҳади Беларус ва Литва дидан мумкин аст ва онҳо талош мекунанд, ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шаванд.

Дар сафорати Литва дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маркази визадиҳии ин кишвар дар шаҳри Алмаато ба шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон хидмат мерасонад ва феълан ба сафорат қароре дар бораи бастани муассисаи визадиҳӣ барои тоҷикистониён нарасидааст. "Ин хабарро аз Департаменти муҳоҷират пайгирӣ кунед", гуфт як масъули сафорати Литва дар Остона.

Масъулони сафорати Литва дар Қазоқистон, ки масъулияти кор бо шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам доранд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо то ҳол дар бораи қабули кадом қароре дар ин замина нарасидааст.

Дар ин бора дар Тоҷикистон ҳам ҳеҷ ниҳоди давлатӣ хабар ё маълумоти расмие нашр накардааст. Айни замон, дар консулгарии Литва дар Алмаато, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам хидмат мерасонад, ба Радиои Озодӣ шарҳ доданд, маркази визадиҳии Литва дар Тоҷикистон, ки аризаҳо барои гирифтани раводидро баррасӣ мекунад, корашро мисли пешин идома медиҳад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран раводиди Литваро барои кор дар ин кишвар ё дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба даст меоранд. Хадамоти муҳоҷирати Литва гуфтааст, ки аз назари ҳузури хориҷиён аз Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз шаҳрвандони Узбекистон дар мақоми дуввум ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG